Имрӯз 6-уми октябр, мудири шуъбаи рушди иҷтимова робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Халилзода Нуқрамоҳ, масъулини бахши кишоварзӣ дар якҷоягӣ аз вазъи чиниши пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти "Гулистон" дидан намуда, кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳриро барои кумак ба чинакчиёну барзгарон ҷалб сохтанд.

Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроия дар хоҷагии деҳқонии «Зарзамини Левакант», ки яке аз хоҷагиҳои калонтарини ҷамоат мебошад бо хоҷагидорон ва чинакчиён вохӯрӣ намуда, дар ҷамъоварии тилои сафед ба хоҷагидор кумак карданд.

Масъулини хоҷагии деҳқонӣ ба роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо барои ҷамоварии тиллои сафед изҳори сипос намуданд.

Ҳануз нашъунамои пахта дар саҳро хеле хуб буда, хоҷагидорон азм доранд, ки дар кутоҳтарин фурсат нақшаро сарбаландона иҷро намуда, ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.