Бахшида ба Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгор маъмурият ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Левакант, омӯзгорони собиқадори худро, ки имрӯз дар бистари бемориян аёдат намуда, бо туҳфагузориҳо қадршиносӣ карданд.
Омӯзгорон аввалан ба аёдати Ибрагимова Робия омӯзгори фанни физикаи муассиса, ки дар шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳр, ҷарроҳи гашта бистари мебошад рафта, бо ӯ суҳбат намуданд. Аз ҳолу аҳволаш пурсон шуда, ҳамчунин ба рӯзи омӯзгор табрик намуданд ва ба қадри имкон кумак карданд.
Сипас омӯзгорон якҷоя ба дидорбинӣ ва қадршиносии омӯзгори собиқадори муассиса Мусоева Гулнора рафта, бо туҳфагузорию қадршиносӣ таъбашро болида гардониданд.