Таҳти ҳамин шиор имрӯз 5-уми октябр, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ ба пахтачини баромада барзгаронро дар ҷамъоварии тиллои сафед кумак карданд.
Имрӯз дар ҳашари пахтачинӣ беш аз 400 нафар кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, саноат иштирок намуда, 1350 килограм пахта чиданд.
Боиси қайд аст, ки бо вуҷуди номусоидии вазъи ҳавои имсола, кишоварзон тавонистанд нақшаи ҷамъоварии пахтаро 80% иҷро намояд, ки ин дар миқёси вилоят нишондоди хеле хубу назаррас мебошад.
Фардо низ 6-уми октябр, маъракаи пахтачинӣ идома дошта, кормандони ташкилоту корхонаҳо ба барзгарон кумак хоҳанд кард.