2-юми октябр, тибқи нақша-чорабинии Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, ҷиҳати ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва бедор кардани ҳисси ватандӯстии онҳо аз намуди гуштини "Самбо" Мусобиқаи кушоди шаҳри баргузор гардид. Дар ин Мусобиқа, дастпарварони Муассиса фаъолона иштирок намуда, қуввасанҷӣ карданд. Ғолибони ҷойҳои якум ва дуюму сеюм бо медал ва Ифтихорномаҳо ҳавасманд гардонида шуданд.

 

Дар ин бора аз Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ хабар дода гуфтанд, ки чунин мусобиқаҳо ба хотири рушди варзиш пайваста гузаронида мешаванду варзишгарон дар соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои гуногун иштирок намуда, дастовардҳои назаррасро соҳиб гаштаанд.