Дар ҳошияи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ, бо донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дасгоҳи раиси шаҳри Левакант-Халилзода Нуқрамо, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Фарҳод Муминов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихона Сафарзода, мудири бахши сармоягузори ва амволи давлатии Мақомоти иҷроия-Бахтовари Раҷаб, масъулини Донишкада ва дигарон иштирок намуданд.
Халилзода Нуқрамо вобаста ба нақши Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ баромад намуда, зикр кард, ки ҷавҳари асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон вобаста ба иқтидори иқтисодӣ ва молиявии кишвар шароити мусоид фароҳам оварад. Дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад.
Ҳамзамон намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Фарҳод Муминов аз таасуротҳои худ ҳамчун намуна аз сафарҳои хориҷиаш инчунин истиқболи меҳмонони давлати Белоруссия ба Тоҷикистон алалхусус шаҳри Левакант ибрози назар намуда, вобаста ба ҷалби сайёҳон ба кишвар, меҳмондорӣ, забономӯзию забондонӣ ибрози назар намуд.
Инчунин Шодихон Сафарзода вобаста ба пешгирии ҷавонон аз ҷиноят, омилҳои номатлуб, шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷалби ҷавонон ба варзиш баромад карда, тамоми ҷавононро ба омухтани илму дониш даъват намуд.