Таҳти чуин унвон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти чамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" ин дафъа аксияи иттилоотию тарғиботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "ЛКСК", баргузор карда шуд.
Мақсад аз баргузории аксияи мазкур арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маврид ба зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айёми басо мушкил сарварии мамлакатро ба ӯҳда гирифта, Тоҷикистони азизро аз вартаи нестшавӣ раҳонид.
Нақши Президенти мамлакат дар барқарории сохти давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии аҳолӣ, некӯаҳволии мардум ва ҳал намудани бисёр масъалаҳои глобалӣ басо назаррасу бориз аст. Баробари ба сари вазифа омадан ӯ кӯшиш кард бо роҳи мусолиҳаву мусолимат ба ҷанг хотима бахшида, шаҳрвандони гурезаи тоҷикро ба ватан баргардонад.