Зери чунин унвон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Пайравони сино" бо аъзоён ва донишҷӯёни ташкилоти ибтидоии мазкур дарси тарбиявӣ дар мавзуи "ЛИБОСИ МИЛЛӢ НИШОНАИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН АСТ" доир намуданд. Котиби ташкилоти ибтидоӣ - Холов Тоҳир Шарифович ва дигар омӯзгорон, ширкат варзиданд.

 

Масъулин иброз доштанд, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Ҷойи хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва ин, бешубҳа, сабаб дорад.

Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегўянд.

Аммо, чи тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспўшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд ва ҳозир низ идома доранд.

Дар робита ба ин масъала Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба "Рӯзи модарон" чунин таъкид карданд:

“Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва бафарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накарда, ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои милии тоҷикон эҳтиром гузоранд.