Таҳти чунин унвон масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01-июни соли 2021, №187 "Дар бораи Стратегияи муҷовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025", "Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" ва баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии КДФ “БММҒ”-и шаҳри Левакант бо доираи васеи аъзоён ва фаъолони ҳизб, мизи мудаввар доир намуданд.

 

Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр – Тоҷидинов Ориф вохӯриро ифтитоҳ намуда, ибироз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд.

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Ва мо бояд дар ин раванд ҳушёру зирак бошем, нагузорем, ки мо ва пайвандонамон фирефтаи ин ташкилотҳои хунхор гардем.

Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз гузаронидани чунин суҳбату вохӯриҳо таҳким бахшидани ҳамкории Кумитаи иҷроия бо ташкилотҳои ибтидоӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, мубориза бар зидди коррупсия ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.