Дар доираи нақша-чорабиниҳои Шӯрои ҷамъиятии ислоҳот дар соҳаи милитсияи назди РВКД-и вилояти Хатлон, 17-уми октябр, дар ҷамоатҳои деҳоти “Ваҳдат”-у “Гулистон”-и шаҳри Левакант бо сокинон вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар ин вохӯрӣ раиси Шӯрои ҷамъиятии ислоҳот дар соҳаи милитсияи назди РВКД-и вилояти Хатлон-Шоназаров Лоҳутӣ, намояндаи РВКД-и вилоят Абдуалимзода Маҳмадсалим, масъулини мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Левакант, нозирони минтақавӣ иштирок намуданд.

 

Мақсади ин вохӯриҳо наздик сохтан ва беҳтар намудани эътимоднокии сокинон бо милитсия мебошад. Масъулин зимни вохӯрӣ дар деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” вобаста ба самти фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии ислоҳот дар соҳаи милитсияи ба сокинон маълумоти муфасал доданд. Сипас мувофиқи нақша ҳисоботи нозири минтақавӣ Мирзоев Далер дар 9-моҳи соли ҷорӣ шунида шуд.

Аз тарафи масъулин вобаста ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва таъғиру иловаҳои Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дгар масъалаҳои доғи рӯз фаҳмондадиҳӣ карда шуд.

Ҳамзамон сокинон аз фурсат истифода намуда, дар утоқи кории нуқтаи сайёри миллитсия арзу шикояти худро тариқи хаттию шифоҳи пешкаш намуданд.

Ҳамин гуна вохӯрӣ бо ҳайати кории мазкур дар деҳаи Яккачинори ҷамоати деҳоти “Гулистон” бо сокинон анҷом дода шуда, ҳисоботи нозири минтақавӣ Абдуллоев Фарух дар 9-моҳи соли ҷорӣ манзур гардид.

Боиси зикр аст, ки чунин суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баҳри пешгирии ҷиноят ва қонуншиканиҳо нақши калон бозида, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд.