Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, мудири шуъбаи кор бо занон – Каниева Низора дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ” бо занону бонувон вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки имрӯзҳо амалҳои номатлуб, ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ, нашъамандӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, хушунатҳои хонаводагӣ ва як қатор мавзуҳои доғи рӯз ҳастанд, ки ба пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон халал ворид месозанд. Занону бонувон имконияти бузург доранд, ки бетараф набуда дар пешгирии чунин амалҳо саҳм дошта бошанд. Чун занон тарбиятгари насли наврасу ҷавон ва умуман ҷомеа буда, дар таълиму тарбия нақши бузург доранд.
Таъкид шуд, ки модарону занони мо бояд насли наврасу ҷавонро дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ба воя расонида, дар дили ҷавонон ғурури миллиро бедор созанд ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.
Инчунин дар масъалаи тозагию ободонӣ, пешгири аз бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ таъкидҳои махсус карда шуд.