Шоми 16-уми октябр, бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, дар яке аз майдончаҳои варзишии шаҳри Левакант, байни дастаҳои футболи шаҳри Левакант ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бозии дӯстонаи футбол баргузор гардид.
Ин бози бо ҳисоби 12×8 ба фоидаи футболбозони шаҳри Левакант анҷомид.
Ин ғолибият натиҷаи самара дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, варзтшгарони шаҳр кушиш менамоянд, ки ҳамеша муваффақу дастболо бошанд.