Таҳти чунин унвон аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, ба якчанд нафар кормандоне, ки аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶСК “АЗОТ” тоза ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.
Зимни суроридани шаҳодатномаи Ҳизб, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант аъзоҳои ҷадиди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро табрик намуда аз ҷумла қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мактаби бузурги камолоти ҷавонон буда, чун ниҳоди сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар ташаккули шахсият таъсири амиқ расонида ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, аз замони оғози фаъолияташ зери роҳбарии сарвари муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи росту дуруст равона мебошад. Аз ин лиҳоз аъзои ҲХДТ будан масъулияти баланд ва боиси ифтихору сарфарози мебошад. Инчунин намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ба аъзоҳои нав оид ба банди 13-и роҳнамо “Узви ҳизб бояд чиро донад?” ҳаматарафа фаҳмониданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа, дар сафҳои худ қувваи бузурги созандаеро муттаҳид намуда истодааст, ки метавонад дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми беназир гузорад.
Боиси фараҳмандист, ки сафи ин қувваи бузург рӯз то рӯз меафзояд.
Дар навбати худ нафарони ба тозагӣ пайвасташуда, ваъда доданд, ки ҷиҳати баланд гардидани мавқеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тамоми донишу малакаҳои худро равона месозанд.
Ҷалби аъзои нав ба ҳизб аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант пайваста зери назари масъулин қарор дошта, мунтазам ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон довталабон ворид карда мешаванд.