Махмедов Дилшод-хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант, дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман» дар жанри эстрадии «Номинатсияи сарояндагӣ» сазовори ҷойи сеюм гашта, бо Диплом ва туҳфаҳои пулию хотиравӣ қадршиносӣ шуд.
Муминзода Мастура Табарӣ-раиси шаҳри Левакант, имрӯз 7-уми октябр, Махмедов Дилшод ва устодаш роҳбари мусиқии бахши фарҳанги шаҳр-Насриддинов Садриддинро дар маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр, дар ҳузури тамоми роҳбарони ташкилоту корхонаҳо бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои пуллӣ қадршиносӣ намуд. Ӯ гуфт, ки мо аз чунин ҷавонон ва чунин устодон барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунем. Зеро Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман» бо дастгирӣ, ҳидоят ва сарпарастии Пешвои муззами миллат роҳандозӣ гардида, баҳри рушд ва дарёфти истеъдодҳои нави ҳунару фарҳанг баргузор мегардад. Ҳар нафаре, ки дар иҷрои амалӣ он соҳм мегузорад шоистаи ҳама гуна қадршиносиҳо ҳаст ва хоҳад буд.