Имрӯз 8-уми октябр, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо сокинони деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон-Насриддинзода Рамазон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Сафарзода Шодихон, собиқадорони меҳнат-Мастов Абдулҳаким, Исмонқулов Абдуҷалол, директори МТМУ №11-Латипова Садорат ва дигарон иштирок намуданд.

 

Гурӯҳи корӣ вобаста дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тарбияи ватандӯстии ҷавонону наврасон, пешгири аз экстремизму терроризм, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ баромад намуданд.

Инчунин аз тамоми сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон саҳмгузор бошанду онҳоро дар руҳияи хештаншиносӣ ба воя расонанд. Зеро ҷавонону наврасон ояндаи давлату миллат буда, рушди минбаъдаи Тоҷикистон аз ҷавонони бомаърифату тарбиятёфта, соҳибкасбу ватандӯст вобастагии калон дорад.