Таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Аксияи таблиғотӣ баргузор гардид.
Дар ин Аксия, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия дар якҷоягӣ бо намояндагони дигар шуъбаю бахшҳо ба роҳбарияти шаҳр ва тамоми роҳбарони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ нишони рамзи Парчам ва варақаҳои таблиғотӣ тақдим шуд.
Бояд гуфт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстию бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори миллии мост.
Бояд мо ин муқаддасоти миллиямонро ҳамешаву мудом ҳифз намоему онро арҷ гузорем.
«Нури Сарбанд»