Субҳи имрӯз, 16 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон ҳашари умумӣ оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта шуруъ шуд.

Дар ноҳияи Хуросон ва шаҳри Левакант раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ба кӯмаки деҳқонон пайвастанд.

 

Ҳашарчиён бо ҷонибдорӣ аз ибтикори раиси вилоят бо рӯҳияи баланд ба чиниши пахта пардохтанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо пахтакорон барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил, ҷалби ҳашарчиён, пардохти музди меҳнат, ба корхонаҳои коркард супоридани пахта супоришҳо доданд. Инчунин, ба роҳбарияти шаҳру ноҳия барои фароҳам овардани шароити корӣ ва назорати рафти чиниши пахта дастур дода шуд.

Бояд зикр намуд, ки дар вилоят ба ҳолати 15 ноябри соли ҷорӣ тибқи иттилои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз аввали мавсим 145612,9 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон