Имрӯз 9-уми ноябр, дар муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 1-и шаҳри Левакант, байни хонандагони синфҳои 7-8-и ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр, даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ аз рӯи 11 фанни таълимӣ баргузор гардид.

 

Пеш аз оғози олимпиада, директори Маркази рушди истеъдодҳои назди бахши маорифи шаҳр Фозилова Суман ва дигар масъулини бахши маориф, дар саҳни муассиса ба довталабон атрофи тартиби гузаронидани олимпиада фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Сипас довталабон ба синфҳо ворид гардида, ба кори худ шуруъ карданд. Ҷараëни озмун бошад, аз тарафи масъулини бахши маориф назорат бурда шуд.