30-юми январ, тибқи нақша-чорабинии Муассисаи давлатии Мактаби варзишии шаҳри Левакант, байни дастпарварони муассиса Мусобиқаи кушоди УШУ баргузор шуд. Дар мусобиқа наврасону ҷавонон фаъолона иштирок намуда, қуввасанҷи намуданд. Ғолибон аз тарафи Муассиса бо МЕДАЛ ВА СИПОСНОМА сарфароз дониста шуданд.
Дар ин бора директори Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ-Ҷаҳонгири Бобоҷон хабар дода афзуд, ки ба хотири рушди варзиш, ҷалби ҷавонон баварзиш ва пешгирии ҷавонону наврасон аз ҷиноят мо мусобиқаҳои гуногуни варзиширо ба роҳ монда, кушиш мекунем ки ба ин васила нақши худро дар пешгирӣ аз ҷиноят ва дигар омилҳои номатлуб гузорем.




