Тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи корӣ иборат аз муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр-Олимзода Низора, раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон»-Вализода Суҳроб, мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо-Маҳмад Хидирзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Сафарзода Шодихон, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло ва дигар фаъолон ҷиҳати омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону сокинони Ҷ/Д «Гулистон» дар толори ҷамоат суҳбатвохӯрӣ гузарониданд.

 

Аз ҷониби гурӯҳи корӣ гуфта шуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, дар ин замина оид ба пешбурди манфиатҳои сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд. Иҷрои тамоми дастуру супоришҳои Пшвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд сармашқи кори ҳамарӯзаи мо сокинон бошад.

Инчунин ҳайати гурӯҳи корӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор масалаҳои доғи рӯз таваҷҷуҳ намуда, пешгирии онро ба манфиати давлату ҷомеа ҳисобиданд.

Гуфта шуд, ки пешгири аз экстремизму терроризм, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, ҷиноятҳои гуногун, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона (сатру ҳиҷоб), пешгири аз бемориҳои сироятӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, бедор намудани завқи китобхонию китобдӯстии ҷавонону наврасон ва умуман аҳли ҷомеа, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва маърифати ҷавонон, бедор намудани ҳисси ватандӯстии ҷавонон вазифаи ҳар як фаъоли ҷомеа мебошад, ки дар ин самт бояд аҳли ҷомеа бетараф набошанд.

Ҳамзамон ба фаъолону хоҷагидорон такроран таъкид шуд, ки ба маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқ бо овоз ва иродаи халқ барои рушди ояндаи Тоҷикистон саҳми худро гузоранд.