24-уми феврал, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин васила ғани гардонидани буҷаи маҳалӣ дар утоқи кории худ бо яке аз менеҷерҳои сармоягузории давлати Чин-Лусияо Донд, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-Усмонзода Исфандиёр ва дигар меҳмонон вохӯрӣ намуд.

 

Дар ин вохӯрӣ тарафҳо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ, машварат намуда, барои таъсиси коргоҳи саноатӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ, ҷалби шахсони бешуғл ба ҷойи кор табодули назар карданд.