Масъулини бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар масҷиди 5-вақтаи деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти “Гулистон” зимни адои намози шом бо намозгузорон вохӯрӣ намуданд.
Шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири аз қонуншиканӣ, ҷинот ва дигар амалҳои номатлуб, аз масъалаҳои муҳими ин вохӯрӣ буд.
Маҳмад Хидирзода мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия, чанд нуктаи Паёмро бо намозгузорон шарҳу тавзеҳ намуда, аз намозгузорон даъват ба амал овард, ки дар пешгири аз қонуншиканӣ, омилҳои номатлуб, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, инчунин дар пешгири аз тамоми намуди ҷиноят мусоидат намуда, саҳми худро дар тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа гузоранд. Ҷавононро барои хизмати Модар-Ватан дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб созанд.
