Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, дар як гӯшаи боғи фарҳангӣ фароғатии шаҳр, бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон-Ғафурова Рухсора ва дтигар меҳмонон иштирок намуданд. Меҳмонони чорабинӣ қабл аз оғоз аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, тарзи таҳия ва омода намудани таомҳои миллӣ дидан намуданд.

 

Сипас Шоҳиён Саъдулло ва дигар масъулин тамоми иштирокдоронро ба ҷшни бузурги миллӣ Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, барояшон тансиҳати ва рӯзгори осударо орзу карданд.

Дар баромадҳо зикр шуд, ки Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеч як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим марҳилаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо расидааст.

Наврӯз сари сол, баробарии шабу рӯз, иди соли нав, ҷашни бедории табиат, ҷашни кишту кор аст, ки аз қадим дар байни мардуми Машриқзамин таҷлил карда мешавад. Наврӯз айёмест, ки таъсири хуршеди ҳаётбахш меафзояд, баҳор ҷои зимистонро мегирад ва табиати хобида рӯй ба бедорӣ ниҳода, дилрабову зеботар мегардад.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли ҳунару фарҳанги шаҳр бо суруду таронаҳои наврӯзи ба чорабинӣ таровати идона бахшиданд.