17-уми март, маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Левакант, бо пурсиши иҷрои дастуру супоришҳои ҳафтаи сипарӣ оғоз гардида, баъди таҳлилу баррасӣ, барои ҳафтаи ҷорӣ вазифагузориҳо карда шуд.
Раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ бо мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафт ва шукуфоию ободонии Тоҷикистон таъкиди махсус намуданд.
Сипас ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ҷашни байналмилалии Наврӯз, иҷрои нақшаи босифати буҷет, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳама самт бо усули фардии «Хона ба хона», кишту кори саривақтии маҳсулоти кишоварзӣ, корҳои ободонию созандагӣ ба масъулин тавсия ва дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.


