Ҳамдиёрони азиз!

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Рӯзи матбуоти тоҷик аз соли 1994 инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман ҷашн гирифта мешавад ва ин сана ҳамчун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил мешавад. Рӯзи касбӣ ба тамоми рӯзноманигорон ва кормандони ВАО муборак бошад!

 

Ҳамватанони гиромӣ!

Матбуоти тоҷик аз нахустин рӯзномаи мустақили миллии он “Бухорои шариф”, ки 11 марти соли 1912 дар Бухоро бо ташаббуси Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким таъсис ёфт, оғоз мешавад ва он чун пойдевори мустаҳакаме барои ба вуҷуд омадани дигар нашрияҳои миллии тоҷикӣ асос гузошт. Ба қавли устод Садриддин Айнӣ: “Бухорои Шариф” дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро дар рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд” ва ба вуҷуд омадани нашрияҳои баъдинаи тоҷикӣ, ба монанди “Шӯълаи инқилоб”, “Овози тоҷик” ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо самараи ин нашрия мебошанд. “Бухорои Шариф” ҳамчун нахустин рӯзномаи миллии тоҷикӣ бо интишори 153 шумора тавонистааст, дар вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва ба тафаккуру ҷаҳонбинии мардум, бахусус тоҷикон таҳаввулоти бузург ба миён оварад.

Матбуот аз оғози пайдоиш чун воситаи муҳими иттилоърасон ва таъсиррасон ба тафаккури ҷомеа шинохта шудааст. Он дар баррасии масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ нақши ҳалкунандаро иҷро мекунад. Мардум имрӯз ба ВАО ҳамчун равзанаи ҷаҳоннамо менигаранду ба сухани он бовар мекунанд ва ин ба шуури онҳо бетаъсир намемонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик чунин таъкид намуда буданд:

“Дар ҳақиқат, матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хосса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд”.

Нақши воситаҳои ахбори омма дар замони муосир хеле муассир аст. Дар Тоҷикистони мустақил низ аён гардида, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио чун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа ва воситаи муҳими ошкоркунандаи мушкилоти ҷомеа саҳми назаррас гузоштааст.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон додааст, ки бо таъсири омилҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва монанди ин дар баробари дигар соҳаҳо матбуоти даврӣ низ рушд кунад.

“Рӯзномаи ҳар як қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад. Яъне қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст.

Ҳар шахс дар муддати зиндагонии худ ба бисёр воқеаҳо гирифтор мешавад, бисёр мусибатҳоро мебинад, бемор мешавад, даво меҷӯяд, ба мӯҳтоҷӣ меафтад...

Дар ҳамаи ин корҳо ба воситаи забони худ чораҷӯӣ мекунад, дарди дили худро ба ҳар кас мефаҳмонад. Вой бар ҳоли он касе, ки дар дунё зиндаасту забон надорад. Ҳамчунин, ҳар қавме, ки дар дунё зиндааст, дардҳо дорад, мӯҳтоҷиҳо дорад ва мусибатҳо дорад. Ба ҳамаи ин чизҳо ин қавмро забон лозим аст, ки дарди дили худро изҳор кунад. Забони қавм, мисли забони ашхос, муқаррарӣ нахоҳад буд, балки забоне, ки тарҷумони як қавм метавонад шавад, рӯзномаи он қавм аст”-гуфтааст Садриддин Айнӣ.

Боиси зикр аст, ки моҳи ноябри соли 1997 шаҳри Левакант (собиқ Сарбанд) таъсис ёфт. Барои инъикоси набзи шаҳр, бурду бохт, инъикоси воқеоти рӯз ва дигар мавзуот дар ҳамон замон, як дастгоҳи махсуси иттилорасонӣ лозим буд. Ниҳоят бо ташаббуси адиб, рӯзноманигор-Худоёрзода Раҷабалӣ рӯзномаи шаҳрии “Нури Сарбанд” ташкил шуда, моҳе як маротиба рӯйи чоп меомад. Ҳамин тариқ сармуҳарририи рӯзномаро Худоёрзода Раҷабалӣ ба зимма гирифта, ҳайати эҷодӣ ташкил намуду фаъолияташро пеш бурдааст.

Мояи ифтихор аст, ки журналистону қаламкашоне чун Вализода Бердӣ Раҷаб (17.05.2000-24.04.2007), Лоиқов Ҳаитбой (24.04.2007-1.02.2015), Ибодуллоева Нуриниссо (27.012015-18.05.2019) ва Абдурасулова Мунира масъулияти сардабирии ин нашрияро дар замони фаъолият бар уҳда доштанд.

Алҳол ин рисолати бузург бар души Ашуров Орзу мебошад. Иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан аз ҳадафҳои ӯст. Ҳамин аст, ки матлабҳо ва хабару гузоришҳои шаҳрро тариқи рӯзномаи шаҳрӣ ҳамчунин чандрасонаӣ пешкашӣ мардум мекунад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Исматов Раҳматулло, Сафаров Файзиддин, Миров Лутфулло, Ғафурова Сония, Миралиева Зарина, Сафаров Файзиддин, Дарвешон Музаффар, Имомалиева Азиза, Эмомов Сунатулло, Ибодуллозода Далер ва чандин адибу қаламкаш ва рӯзноманигорони дигар дар ин рӯзнома фаъолият кардаву соҳибном шудаанд.

Исми ҳар як корманди эҷодиву техникие, ки тӯли ин солҳо кори нашрияро пеш бурда, масъулиятшиносона вазифаҳои худро иҷро намудаанд, барои мо гиромист.

Бори дигар Рӯзи Матбуоти тоҷик муборак!

Саломату сарбаланд бошед!