6-уми март, дар толори маҷлисгоҳи Силсила неругоҳи «Вахш» дар шаҳри Левакант, бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади идона баргузор гардид.
Директори Силсила неругоҳи «Вахш» дар шаҳри Левакант-Ғуломзода Ҷамшед Ғулом тамоми бонувону занони коргоҳро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуда. Ӯ зимни баромади худ зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону модарони тоҷик мавқеъи баландро соҳиб гаштанд, ки ин эҳтиром гузоштан ба занону модарон мебошад. Инчунин ӯ зикр кард, ки дар Силсила неругоҳи «Вахш» дар баробари мардон занону бонувон низ фаъолияти пурсамар доранд. Мо заҳмати ҳар як корманди ҷинси зани корхонаро қадр мекунему кушиш менамоем, ки ҳуқуқҳои онҳо ҳамчун зан модар ҳифз гардад. Зеро онҳо дар ҷомеа рисолати бузургро иҷро мекунанд, ки ин таълиму тарбияи насли инсон мебошад
Ҳамзамон дар ҳамин фазои идона маъмурияти Силсила неругоҳи «Вахш» дар шаҳри Левакант, занону бонувони корхонаро бахшида ба Рӯзи Модар аз ҳисоби Иттифоқи касабаи корхона ба маблағи 300-сомонӣ, аз тарафи ҶСК «Барқи тоҷик» бо маблағи 800-сомонигӣ ва гулдастаҳо туҳфагузорӣ намуданд.
Ин иқдоми маъмурият занону бонувони корхонаро дар оғози фасли баҳор ва Рӯзи модар ниҳоят шод гардонид, ки аз чеҳраи ҳар кадоми онҳо аён буд.




