Мутобиқи супориши раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, вобаста ба риояи маданияти шаҳрнишинӣ, тозагию ободонӣ, наовехтани либос ва дигар ашёи рӯзгор аз панҷараҳои хонаҳои баландошёна, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ вазифадор гардидаанд, ки бо сокинони хонаҳои баланошёна корҳои фаҳмондадиҳиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

 

Муминова Муқаддас, директори Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант, дар биноҳои баландошёнаи Сомонӣ 4 ва 7-и ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» вобаста гардида буд, ки имрӯз 1-уми март, бо сокинони биноҳои мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. Ӯ ҳамчун шахси масъул, сокинонро таъкид намуд, ки бояд маданияти шаҳрнишиниро ҳатман риоя карда, аз рӯйи талабот дар шаҳр зиндагӣ намоянд. Зеро шаҳрнишинӣ тартибу низом, қоида ва талаботҳои худро дорад ва риояи он барои ҳар як нафаре, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунад ҳатмист.