ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ ДАР ҲОШИЯИ РӮЗИ АРТИШ
Тибқи нақша-чорабинии Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳр, дар ҳошияи рӯзи Артиши миллӣ бо хонандагон вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар ин вохӯрӣ раиси Ташкилоти собиқадорон-Султонов Ҳикматулло, аъзои фаъолои Ташкилот полковник Исмонқулов Абдуҷалол, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» Бароталиев Сафар, омӯзгорону хонандагон иштирок доштанд.
Султонов Ҳикматулло ва дигар аъзои гурӯҳи корӣ дар суханрониҳояшон зикр намуданд, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуд. Ҳукумати мамлакат бовуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ҳанӯз аз марҳалаҳои авали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор, инчунин таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонида шуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст.
Инчунин аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки пас аз хатми муассиса аз хизмати ҳарбӣ саркаши накарда ин қарзи мардонагиро иҷро намоянд. Зеро хизмат ба Ватан барои ҳар ҷавон ҳам қарз ва ҳам фарз мебошад.