ЛЕВАКАНТ: ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР КӮЧАИ МАРКАЗӢ

.

Имрӯз 7-уми феврал, бо супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, кормандони техникии ташкилоту корхонаҳои ҳудуди шаҳр ба ҳашари ободонӣ бароварда шуд.

 

Сокинон ва кормандони ташкилоту корхонаҳо дар ду канори кӯчаи марказии шаҳр, бехи дарахтонро нарм намуда, барои шинонидани гулу буттаҳо омода карданд.

Дар ин ҳашари дастаҷамъона муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло ва дигар намояндагони Мақомоти иҷроия иштирок намуда, баҳри дар сатҳи хуб иҷро намудани корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳр тавсияҳо доданд. Ва ҳамчунин барои риояи маданияти шаҳрнишини бо сокинони хонаҳои баландошёна корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Инчунин ҳамин гуна корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ дар дигар ташкилоту муассисаҳо гузаронида шуд.