ЛЕВАКАНТ: ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ САҲМГУЗОР БОЯД БУД!

.

Имрӯз 24-уми апрел, тибқи нақша-чорабинӣ дар доираи эълон гардидани Соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар толори фарҳангии филиали Донишгоҳи байналмилалӣ сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, бо мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, омӯзгорону донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Дар ин вохӯрӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Сафарзода Саидраҳим Сафар сардори Шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон, Аламшозода Олуфта сармутахассиси Раёсати адлияи вилояти Хатлон, Зоирзода Комилҷон-прокурори шаҳри Левакант, Қурбонзода Ҳаким сармутахассиси Раёсати тандурустии вилояти Хатлон иштирок намуда, вобаста ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9-уми марти соли ҷорӣ бо фаъолон ва ходимони дини кишвар ибрози назар намуданд.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани соли 2024–ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбири муҳимму саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад. Тавре ки маълум аст, тамоми механизми қонунгузории мамлакат аз Конститутсия сарчашма мегирад. Конститутсияе, ки соли 2024 сиюмин солгарди қабули он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ҳамон Конститутсияе, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини тоҷикон мебошад. Маврид ба қайд аст, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккулу инкишоф ва рушду таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Зимнан бояд гуфт, ки агар қабули қонунҳо, сифату табиати иҷтимоӣ ва механизми амали онҳо масъалаи марказӣ бошанд, пас татбиқи мустақими онҳо дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва ин ба сатҳи тафаккури ҳар як нафар алоқаманд аст. Дар давлате, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя ва эҳтиром карда мешаванд, рӯ ба инкишоф меорад. Дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, пешрафт муяссар гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амал татбиқ мегарданд.

Зикр шуд, ки яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноятҳо вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи шаҳрвандон мебошад. Бояд гуфт, ки донистани ҳуқуқ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Шаҳрвандон бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд, зеро дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият боло мебарад. Нафаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқиқиро медонаду аз талаботи онҳо бохабар аст ва риоя менамояд, метавонад, ҳуқуқҳои худро ҳифз намояд.

Инчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои тарбияи дурусти насли ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, риояи ҳатмии талаботи қонунҳои амалкунанда ва роҳнамоии наздикону пайвандон дар самти пешгирии хурофотпарастиву ифротгароӣ, бегонапарастиву тақлидкорӣ ва дигар омилҳои номатлубе, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, амри зарурӣ дониста шуд. Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кору зиндагӣ қарор дода, дар такомули ҳисси баланди миллӣ ва худшиносии шаҳрвандон, инчунин ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар зуҳуроти номатлуб саҳм гузоранд.