БУНЁДИ ГАРМХОНАИ ЗАМОНАВИИ НАЗДИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲ - САҲМГУЗОРӢ ДАР ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ САБЗ

.

19 апрели соли равон ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ва раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон муҳтарам Муминзода Мастура Табарӣ аз гармхонаи замонавии назди Филиали Донишгоҳ дидан намуданд.

 

Гармхона дар доираи иҷрои банди 22, Нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар, Кӯшониён, Вахш ва Ёвони вилояти Хатлон 14-15 декабри соли 2024 баён доштанд бунёд ёфтааст.

Қобили қайд аст, ки гармхона дар масоҳати 360 метри мураббаъ замин бунёд гардида, парвариш ва нигоҳубини гулҳо дар он бо усули обдиҳии қатрагӣ роҳандозӣ гардида, дар дигар фаслҳои сол низ имконияти парвариш ва нигоҳубини хуби растанӣ мавҷуд аст.

Ректори Донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор дар рафти сӯҳбат бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант баён дошт, ки гулҳои дар гармхонаи мазкур парвариш меёбанд, барои зебо ва хуррам гардонии атрофи муассиса, таъмини эҳтиёҷоти дигар ниҳодҳои ҳудуди шаҳри Левакант ва ноҳияҳои атроф истифода хоҳанд шуд. Ҳадафи асосии роҳбарияти Донишгоҳ бо ин васила саҳм гузоштан дар раванди татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар мамлакат мебошад, изҳор намуд ректори Донишгоҳ.