Левакант: «Забондони беҳтарин» дар МДТТ №3

.

Имрӯз 4-уми апрел, тибқи нақшаи бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №3-и шаҳр, байни тарбиятгирандагон Озмуни «Забондони беҳтарин» баргузор гардид. Дар озмун намояндагони бахши маориф, омӯзгорон ва мураббиёни муассиса иштирок намуда, ба сатҳи забондонии тарбиятгирандагон ошно гаштанд.

Суҳбату вохӯрӣ баҳри пешгирӣ аз бемориҳо ва одатҳои номатлуб

.

Имрӯз, 4-уми апрел тибқи нақшаи кории МТТҲС-и шаҳри Левакант бо корхонаву идораҳои шаҳр, дар МТМУ № 7-и деҳаи Гулистон бо хатмкунандагони муассисаи мазкур ва аҳолии деҳа суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.

Ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон дар кӯчаҳои А. Ҷомӣ ва куч.Ҳамадонӣ

.

Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 5 апрели соли 2024, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо кормандони КАТС-и ш. Левакант, ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон дар кӯчаҳои А. Ҷоми ва куч.Ҳамадони ш.Левакант гузаронида шуд. Ҳамчунин дар байни аҳоли дарсҳои омузиши бо усули хона ба хона гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛ

.

Тибқи нақша чорабинӣ гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант, вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО ХОНАНДАГОН

.

Имрӯз 2-юми апрел, тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроия иборат аз мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Шеров Давлат, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо-Маҳмад Хидирзода, котиби Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроия-Хайруллозода Исматулло ва дигар фаъолон бо омӯзгорони ҷавон ва хонандагони зинаи сеюми тасилоти Литсейи давлатии №2, вохӯрӣ намуданд.