ЛЕВАКАНТ: МАДАНИЯТИ ШАҲРНИШИНИ БОЯД РИОЯ ШАВАД
Имрӯз 22-юми май, иҷрокунандаи вазифаи бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Эшова Боғигул, масъулини Муассисаи давлатии Маркази ВНМО ва хадамоти муҳоҷирати шаҳри Левакант дар кӯчаҳои Борбад 14 ва 16 корҳои омафаҳмонӣ гузарониданд.
Зимни вохӯрӣ бо сокинони хонаҳои баландошёна масъулин вобаста ба маданияти шаҳрнишинӣ тавсияҳо доданд. Ва таъкид карданд, ки мувофиқи талаботи замон бояд маданияти шаҳрнишинӣ риоя карда шавад. Ободонӣ дар атрофи биноҳои баландошёна, овезон накардани либос ва дигар ашёи рӯзгор аз долон ва панҷараҳо, тоза нигоҳ доштани тагхонаҳо, пешгири аз бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ ва мавсимӣ, риояи тартибу низом, пешгири аз ҷиноят ва дигар омилҳои номатлуб аз ҳар як шаҳрниши масъулияти баландро талаб менамояд.