ЛЕВАКАНТ: ЗАЙДУЛЛО АЗ ЯК ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁӢ БО МЕДАЛИ БИРИНҶИ БАРГАШТ
17-уми май, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва ҷавонон Зайдуллои Сафаралӣ варзишгаре, ки дар чемпионати Осиё аз намуди гуштини Самбо сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷии мусобиқа гардид, дар майдони марказии шаҳр бо шаҳомати хосса ва гулу гулдаста истиқбол гирифтанд.
Шоҳиён Саъдулло муовини раиси шаҳр, зимни истиқболи варзишгар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ба варзишгари ҷавон Зайдуллои Сафаралӣ барои ғолибият дар ин чемпионати Осиёӣ сипосгузорӣ намуда ӯро бо туҳфаҳо қадршиносӣ намуд. Ӯ дар ҳузури падару модар ва дигар варзишгарон иброз дошт, ки ғолибияти Зайдуллои Сафаралӣ обрӯи падару модар, обрӯи шаҳри Левакант ва Тоҷикистони азиз мебошад. Ҳамзамон ба падару модар ва мураббияҳои ин варзишгари шаҳр миннатдорӣ баён намуд.
Бояд гуфт, ки Зайдулои Сафаралӣ варзишгари Тоҷикистон аз шаҳри Левакант дар чемпионати Осиё аз намуди гуштини Самбо дар Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Актау миёни зиёда аз 30 давлат сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби медали биринҷи гардид. Ӯ дар даври якум варзишгари Ҷумҳурии Манголяро мағлуб мегардонад ва дар даври дуюм аз тарафи варзишгари Ҷумҳурии Узбекистон мағлуб мегардад ва сипас дар даври сеюм варзишгари Ҷумҳурии Қирғизистонро мағлуб гардонида хушбахтона сазовори ҷойи сеюм шуда медали биринҷии мусобиқаро ба даст меорад.
Боиси қайд аст, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи варзиш рушд намудаву варзишгарони мо дар тамоми мусобиқаҳои байналмилалию оисёӣ иштирок намуда мақомҳои намоёнро соҳиб мегарданд.