Дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон

.

Шод будан ҳунар аст,
Шод кардан ҳунари волотар...
Дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва дастгирии оилаҳои камбизоат яке аз корҳои хайру савоб буда, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии чунин табақаи аҳолӣ, ба як дӯсти наврасамон аз оилаи камбизоати шаҳри Левакант, дар арафаи соли нави хониш аз сехи дузандагии "Нилуфар" як ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ харидори намуда тақдим кардем.
Бигзор ин дӯсти навраси мо аз ҳамсабақонаш кам набошаду баробари онҳо илму дониш омӯзад.

ЛЕВАКАНТ: ВАРЗИШГАРОН БОЗ ДУ МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД

.

24-25-уми август, дар ноҳияи Файзобод мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди гуштини “Самбо” миёни наврасону ҷавонони солҳои таваллуди 2009-2011 баргузор гардид. Дар мусобиқа дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант иштирок намуда, як медали тилло ва як медали нуқраро соҳиб шуданд.
Дар ин бора аз Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, хабар доданд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур ба хотири чемпиони ҷаҳон оид ба “Самбо” Мирзоев Маҳмадалӣ ва барои дарёфтӣ чеҳраҳои ин намуди варзиш роҳандозӣ гардида буд.

ЛЕВАКАНТ: ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ШАҲР ДАР ИДИ ТАРБУЗ, ХАРБУЗА ВА КАДУ

.

Имрӯз 25-уми август, дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқомим Фирдавсии шаҳри Душанбе, иди тарбуз, харбуза ва каду доир гардид.
Дар ин чорабинӣ меҳнаткашони шаҳри Левакант, бо маҳсули меҳнати худ, беҳтарин тарбуз, харбуза, каду ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ иштирок намуда, шаҳри Левакантро муаррифи карданд.
Дар баробари маҳсулоти кишоварзӣ дастпухти бонувони шаҳр, аз каду ва дигар маҳсулоти полези манзури иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд.

ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИСТОН”

.

Имрӯз шанбеи 24-уми август, ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони техникии Беморхонаи марказии шаҳри Левакант, сокинон ва кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар деҳаҳои Оқ-газа ва Боҳтурободи ҷамоати деҳоти “Гулистон” тариқи ҳашари дастаҷамъона ба тозагию ободонӣ машғул гаштанд.
Ҳашарчиён дар ин рӯз ду шафати роҳи мошингузарро аз хасу хошок ва алафҳои бегона тоза карда, ҷуйбору дарахтонро ба тартиб дароварданд.
Ба гуфти масъулин рангнамоии девору сафедкунии бехи дарахтон пас аз пурра тоза намудани ду шафати роҳ анҷом дода мешавад.
Инчунин гурӯҳҳои кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, тариқи усули “Хона ба хона” бо сокинон корҳои оммафаҳмонӣ намуда онҳоро ба ободонию тозагӣ ҷалб сохтанд.

ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГӢ ДАР ШОҲРОҲ, ДАРОМАДГОҲ ВА ВАРЗИШГОҲ

.

Кормандони Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант, бахшҳои маориф, кор бо ҷавонон ва варзиш, дигар ташкилоту корхонаҳо имрӯз 24-уми август, ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллӣ 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои таърихӣ дар даромадгоҳи шаҳр, шоҳроҳи Левакант-Бохтар ва варзишгоҳи марказӣ шанбегӣ гузарониданд.
Дар ин рӯз ҳар як иштирокчии шанбегӣ баҳри тозагию ободонӣ саҳмгузорӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳашарҳои дастаҷамъона бо ҷалби кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ ва сокинон фардо низ гузаронида мешавад.