ЛЕВАКАНТ: ТАШАББУСИ МАҚОМОТ ВА ИҚДОМИ ВАКИЛОН ДАР АРАФАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

.

Дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон яке аз амалҳои хайру савоб ва вазифаи муҳими инсонӣ ба ҳисоб меравад.
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоатро аёдат намуданд.
Зимни аёдат муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант ба ниёзмандон маводи ғизоӣ таъмин намуда, бо онҳо атрофи мушкилоташон суҳбат намуданд. Таъмири хонаҳои истиқоматӣ, ҳуҷатгузории манзили зист, таъмини шароити мусоиди зиндагӣ, некуаҳволӣ, ворид сохтани шахсони имконияти маҳдудидошта ба ҷомеа, дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба инобат гирифта шуд.
Бояд гуфт, ки ин иқдом дар беш аз 20 оилаи ниёзманд бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ мавриди амал қарор дода шуд. Дар оянда низ вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр тасмим доранд, ки ба тамоми оилаҳои ниёзманд расидагӣ кунанд.