ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲР ДАЪВАТИ ШАШУМ
Имрӯз 25-уми сентябр, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Иҷлосияи 21-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар Маҷлис, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр, узви Раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, намояндаи МИҲД-и вилояти Хатлон, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и вилоят-Қиёмиддин Насриддинов, вакилони Маҷлиси вакилони халқ, муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо иштирок намуданд.
Рӯзномаи Маҷлис, аз масъалаҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи диннӣ” аз 26-уми марти соли 2009, №489, ҳисобот оид ба фаъолияти филиали №50-и КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбон” дар шаҳри Левакант дар соли 2023 ва 8-моҳи соли 2024, оид ба фаъолияти Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин, муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ иборат буд.
Доир ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диннӣ” ҳисоботи муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло шунида шуд.
Сипас доир ба доир фаъолияти филиали №50-и КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳри Левакант дар соли 2023 ва 8-моҳи соли 2024-мудири филиал Давлатзода Нуралӣ ва дар бораи фаъолияти Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин, муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиии Қаландарзода Мирзолати-сармутахассиси бахши кишоварзии шаҳр ҳисобот доданд.
Ҳамзамон ҳисоботҳои раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба фаъолият, корҳои ободонию созандагӣ дар маҳал шунида шуд.
Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис, вакилону иштирокдорон муҳокимаронӣ намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ вобаста ба ваколати вакилони шаҳр, ташаббусҳои онҳо баҳри созандагию бунёдкорӣ, саҳми назарраси онҳо дар ҷомеа ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки вакилони халқ бояд ҳамеша бо мардум фаъолият бурда ташаббускор бошанд ва дар корҳои таблиғотӣ, ободонию созандагӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.