ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШКАДА БО НИШОНИ АЪЛОЧИИ МАОРИФ ВА ИЛМ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

.

Муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Рустамзода Р, декани факултети иқтисод ва молия Шарипов И.О бо мукофоти соҳавии нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири кафедраи менеҷменти молиявии Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ қадрдонӣ гардиданд.