МУАЛЛИМ АҚЛ, ШАРАФУ ВИҶДОНИ ҶОМЕА

.

Паёми шодбошии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант

муҳтарам Муъминзода Мастура Табарӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон

Ҳамдиёрони арҷманд!

Чуноне огаҳӣ доред, ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар саросари мамлакат ҳамчун «Рӯзи омӯзгорон» таҷлил мешавад. Бо истифода аз ин фурсат ҳамаи Шумо омӯзгорони гиромиро ба ин муносибат табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ, хонаи ободу осуда ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои беназир орзу менамоям.

 

Омӯзгорони муҳтарам!

Муаллим, омӯзгор, вожаҳои барои ҳар нафар ошною муқаддасанд. Зери ин вожаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад.

Дар ҳама давру замон пешрафту тараққиёти ҷомеа аз фаъолияти пурсамари омӯзгор вобаста аст ва мо ҳама пешравиҳоро ба заҳмати душвору масъулиятноки Шумо омӯзгорони муҳтарам пайванд медонем.

Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шахсияти муаллим фармудаанд: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад».

Аз ин хотир омӯзгорону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар раванди татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат фаъолияти худро дар доираи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ ба роҳ монда, доир ба ҳалли масъалаҳои дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас мунтазам чораҷӯи намоянд.

Дар замони рушди бемайлони илму техника, бахусус технологияҳои иттилоотӣ мову Шумо омӯзгорони азизро лозим аст, ки дар таълиму тарбияи ҷавонони соҳибмаърифату соҳибихтисос, ватандӯст, бо нангу номус, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ аз пештара дида бештар кӯшиш карда, меҳру садоқати худро ба Ватани аҷдодӣ ва миллати сарбаланду тамаддунофари худ бо заҳмати софдилона собит намоем.

Боиси сарфарозист, ки ба хотири арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ аз хизматҳои содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳамасола дар ҳафтаи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад.

Таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар кишварамон шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии кишвар ба омӯзгорон таваҷҷуҳи хосса доранду нақши онҳо дар камолоти насли ояндасози кишвар муассир мебошад.

Шумо омӯзгорон роҳнамову роҳкушои ҷомеа ба сӯйи дониш, илму маърифат ва камолоти маънавиед. Чуноне педагоги маъруф А. С. Макаренко дар хусуси ҷойгоҳи омӯзгор ва нақши ӯ дар пешрафти иҷтимоиёти ҷомеа фармудааст: «Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хидмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт».

Ҳукумати мамлкат, бахусус талошҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мову Шумо омӯзгорони азизро водор месозад, ки ҳамеша баҳри ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, якпорчагии кишвар ва дигар манфиатҳои миллӣ талош намуда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои олии Хукумати кишвар неруи зеҳнии худро равона созем ва баҳри рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат нақши созгор гузошта бошем.

Омӯзгорони азиз!

Мову Шумо назди давлату миллат вазифадорем, ки бо масъулияти дучанд баҳри иҷрои рисолати хеш камари ҳиммат бандем ва дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон саҳми мондагор дошта бошем. Ҳамеша бояд дар хотир дорем, ки ояндаи давлату миллат пеш аз ҳама ба масъулияти Шумо-омӯзгорон вобастагии амиқ дорад. Тавре нависандаи чех Ян Амос Коменский навиштааст: «Ба омӯзгорон вазифаи аълотарин супурда шудааст, ки дар зери офтоб чизе болотар аз он нест». Ё ин ки педагоги маъруф Ушинский ба касби омӯзгорӣ чунин баҳо додааст: «Кори омӯзгор зоҳиран хоксорона аст, вале яке аз корҳои бузургтарини таърих мебошад». Ё ин ки адабиётшиноси рус Белинский дар бораи касби омӯзгорӣ гуфтааст: «Чи қадар мартабаи мураббӣ муҳим, бузург ва муқаддас мебошад. Дар ихтиёри ӯ сарнавишти пурраи ҳаёти инсон аст».

Қадру манзалати омӯзгор ҳамеша болост, зеро ки ӯ тарбиятгараст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси пешаи омӯзгорӣ бо боварӣ гуфтаанд: «Касби муаллимӣ яке аз касбҳои муқаддасу бошараф ва бо ифтихори қаламрави сайёра ва ҳаёт аст”.

Устодони азиз, омӯзгорони арҷманд!

Иди касбӣ-Рӯзи омӯзгорон бароятон муборак бошад. Бо истифодаи фурсати муносиб Шумо омӯзгорон – машъалафрӯзони имрӯзу фардои ҷомеаро сидқан табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, саломатии бардавом ва дар ҷодаи пурмашаққату пурифтихори педагогӣ муваффақиятҳои беназирро таманно дорам!

Возможно, это изображение 2 человека, отдел новостей и текст