ЛЕВАКАНТ: “НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИВУ ҶАҲОНГАРДӢ”

.

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар толори фарҳангии Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ, таҳти унвони “НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИВУ ҶАҲОНГАРДӢ” Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар ин Конфронс, муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон-Насриддинзода Рамазон, ҷавонони фаъоли вилоят ва шаҳри Левакант иштирок намуданд.

 

Дар оғоз муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон-Насриддинзода Рамазон, иштирокдоронро бахшида ба ҷашни Наврӯз табрик намуда, вобаста ба ин мероси фарҳангиву ғайримодии миллӣ-Наврӯз баромад намуданд.

Ҳамзамон аз тарафи масъулин қайд гардид, ки имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.

Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.

Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.

Дар охири Конфронс як қатор олимони ҷавону муваффақ ва ҷавононе, ки тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаву ватандӯстона саҳми назаррас доранд бо Сипоснома Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.