Суҳбату вохӯрӣ баҳри пешгирӣ аз бемориҳо ва одатҳои номатлуб

.

Имрӯз, 4-уми апрел тибқи нақшаи кории МТТҲС-и шаҳри Левакант бо корхонаву идораҳои шаҳр, дар МТМУ № 7-и деҳаи Гулистон бо хатмкунандагони муассисаи мазкур ва аҳолии деҳа суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.

 

Ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ва одатҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон Холов Саид, муовини директори МТТҲС, Эшова Боғигул, мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр, Қурбонова Марҷона, ёрдамчии табиби вогиршиноси муассисаи давлатии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, оиди пешгирӣ аз нашъамандӣ, бемории ВНМО, диабети қанд, бемории асабоният, гигиенаи шахсӣ, шустани дастон, такшин кардани об, яъне истеъмоли оби тоза, ғизои солим, зарари нос, зарари телефони мобилӣ, сару либоси хонандагон, ба бар кардани либоси миллӣ, пешгири аз одатҳои номатлуб, напушидани сатру ҳиҷоб ва баъзе аз масъалаҳои дигари доғи рӯз ба иштирокчиён маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар охир, баҳри пешгири аз бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, аз тарафи МТТҲС ба ҳар яке аз хонандагону омӯзгорони муассиса ва аҳолӣ иттиловарақаҳо ва ниқобҳои зиддивирусӣ тақсим намуданд.