ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО ХОНАНДАГОН

.

Имрӯз 2-юми апрел, тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроия иборат аз мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Шеров Давлат, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо-Маҳмад Хидирзода, котиби Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроия-Хайруллозода Исматулло ва дигар фаъолон бо омӯзгорони ҷавон ва хонандагони зинаи сеюми тасилоти Литсейи давлатии №2, вохӯрӣ намуданд.

 

Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ вобаста, ба сатҳу сифати таълиму тарбия, пешгири аз ҷинояти ноболиғон ва дигар амалҳои номатлуб, пешгири аз одатҳои бад, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, эҳтироми падару модар ва калонсолон ва дигар масъалаҳои доғи рӯз ибрози назар шуд.

Инчунин қайд гардид, ки ҷавонон ба ҷойи кирдорҳои ношоям бештар ба омӯзиши илму дониш машғул гардида, дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат» ва дигар озмуну маҳфилҳо иштирок намуда, бо донишу фаҳмиш саҳми худро дар рушди маънавиёти ҷомеа гузоранд.

Инчунин ҷиҳати дохилшавии хатмкунандагон ба донишгоҳу донишкадаҳои олию касбии мамлакат тариқи Маркази миллии тестӣ тавсияҳо дода шуд.