Шод будан ҳунар аст, шод кардан ҳунари волотар.

.

27-уми апрел, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси Шабакаи тавонбахшии шаҳри Левакант, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша дар туйхонаи «Симак»-и шаҳр, ба беш аз 30-нафар шахсони имконияти маҳдудидошта ва волидонашон дастархони хайрия ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.

 

Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Халилзода Нуқрамоҳ ва Нодиров Бобоназар дар чорабинӣ иштирок намуда, ҷиҳати дастгирӣ, ғамхорӣ ва пуштибониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони имконияташон маҳдуд, ниёзманд ва табақаҳои осебпазири ҷомеа ибрози назар карданд. Ва зикр доштанд, ки қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроия ва соҳибкорону шахсони хайрхоҳу саховатпеша қарор доранд. Инчунин ба соҳибкорону шахсони хайрхоҳу саховатпеша барои дастгирии ҳамешагӣ ба чунин табақаи эҳтиёҷманд сипосгузорӣ намуданд.

Ҳамзамон ба ҳар як шахси маъюбиятдошта аз ҷониби масъулини ҶДММ «Паймонаи заррин» кумаки пулӣ расонида шуд.

Инчунин шахсони имконияти маҳдудидошта миннатдории худро аввалан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша бо самимият баён доштанд.

Ҳамчунин ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр, барномаи рангини консертиеро бо суруду таронаҳои дилнишин пешкаши иштирокдорон намуданд, ки як рӯзи шахсони имконияти маҳдудидошта хеле хубу хушу хотирмон гузашт.

Боиси зикр аст, ки масъули баргузории чорабинӣ Шабакаи тавонбахшии саломатии шаҳри Левакант буда, мақсади асосии Шабака ҷалби соҳибкорон, шахсони хайрхоҳу саховатпеша, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба ва ворид намудани шахсони имконияташон маҳдуд ба ҷомеа мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ бояд ҳар як сокини кишвар баҳри дастгирии ин табақаи ҷомеа саҳмгузор бошад.