ЛЕВАКАНТ: ОСОРХОНА МАКОНИ ТАЪРИХУ ТАҲҚИҚ

.

Сафарзода Саидраҳим Сафар сардори Шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон, Аламшозода Олуфта сармутахассиси Раёсати адлияи вилояти Хатлон, Зоирзода Комилҷон-прокурори шаҳри Левакант, Қурбонзода Ҳаким сармутахассиси Раёсати тандурустии вилояти Хатлон пас аз як вохӯрӣ бо фаъолону ҷавонони шаҳри Левакант, аз «Осорхона»-и Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант дидан намуданд.

 

Онҳо дар толорҳои Осорхона ба даврони донишҷӯйӣ, аксу хотироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсабақону устодон, муносибатҳои дохилию хориҷии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, асарҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат ошно гардида, бори дигар ба таърихи беш аз сисолаи давлатдорӣ ва хотироти ҷавонии Сарвари давлат ошно гаштанд.

Боиси зикр аст, ки ин «Осорхона» имрӯз макони тамошои меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ гардида, ҳар нафаре, ки ба шаҳри Левакант меояд ҳатман аз он дидан мекунаду ба худ ғизоӣ таърихӣ мегирад.