ЛЕВАКАНТ: ОМӮЗИШ ДАР САМТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА

.

Тибқи Барномаи омӯзиши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 21-22-юми майи соли ҷорӣ, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ба командирони гурӯҳҳои неъруҳои ғайриҳарбии таъиноти махсус ва дружинаҳои беҳбудсозӣ машғулиятҳо доир ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.

 

Дар ин омӯзиш масъулини Маркази таълимии Раёсати КҲФ ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон, сардори бахши Раёсати КҲФ ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант-Манучеҳр Холиқов, ба шунавандагон вобаста ба ҳолатҳои фавқуллода машғулиятҳо нишон доданд.

Дар омӯзиш масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандону ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ ва дигар намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, баҳри бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои табиию техногенӣ мубодилаи назару таҷриба карданд.