Левакант: «Дави миллӣ» ва «Марафони велосипедронӣ»

.

Давиданро шоҳи варзш меноманд. Аз ҷиҳати тиббӣ ин намуди варзиш барои саломатӣ ва дуруст инкишоф ёфтани инсон нақши бузург дорад. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз 19-уми май, дар шаҳри Левакант, мусобиқаи ҷумҳуриявии «Дави миллӣ» ва «Марафони велосипедронӣ» таҳти унвони «ВАРЗИШ-ГАРАФИ САЛОМАТӢ» баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки ин мусобиқа ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба хотири омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим гузаронида мешавад.

ЛЕВАКАНТ: ҶАВОНОН-ДАР ОБОДОНИИ ДИЁРАМОН САҲМ МЕГУЗОРЕМ

.

Имрӯз 18-уми май, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи Моҳвораи ҷавонӣ дар шаҳри Левакант, таҳти шиори «Дар ободонии диёрамон саҳм мегузорем» ҳашари умумишаҳрии тозагӣ гузаронида шуд.

Дар ин ҳашари дастаҷамъонаи тозагӣ ҷавонон, кормандони ташкилоту корхонаҳо дар шоҳроҳи Левакант-Бохтар, кӯчаҳои шаҳр, назди ташкилоту корхонаҳо иштирок намуда саҳми худро дар тозагию ободонӣ гузоштанд.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ ДАР ДОИРАИ МОҲВОРАИ ҶАВОНӢ

.

Дар доираи МОҲВОРАИ ҶАВОНӢ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, тибқи нақша-чорабинии бахши ҷавонони шаҳри Левакант, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳр, бо хонандагони зинаи сеюми таҳсилот суҳбат-вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин суҳбат-вохӯрӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроия-Шодихон Сафарзода, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» Бароталиев Сафар ва дигар фаъолон иштирок намуда, вобаста ба нақши ҷавонон дар ҷомеа баромад намуданд.