ЛЕВАКАНТ: ТАҶЛИЛИ РУЗИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ
30-юми июл, дар қисми мустақили 12-и ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Левакант, бо иштироки роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Сайфиддинзода Абдуҷаббор, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Халилзода Нуқрамоҳ ба муносибати рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ чорабинӣ баргузор гардид.
Нахуст масъулини Мақомоти иҷроия аз шароити корӣ ва намоиши техникаву таҷҳизоти кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар шаҳр дидан намуданд.
Гуфта шуд, ки қисми мустақили 12-и ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ барои муҳофизати шаҳри Левакант аз сухтор дорои 4 нақлиёт ва муҷаҳаз бо дигар техникаву лавозимоти корӣ мебошаду дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Пас аз шиносоӣ ба шароити техникӣ дар толори қисми 12-и Хадамоти оташнишонӣ маҷлис баргузор гардид. Нуқрамоҳ Халилзода мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, дар баромади хеш тамоми кормандони ин ниҳодро ба муносибати 96-солагии таъсисёбии сохтори Хадамоти оташнишонӣ табрик намуда, иброз дошт, ки оташнишонӣ аз зумраи камтарин касбҳоест, ки аз соҳибкасб қаҳрамониву корнамоӣ ва нотарсиву далериро талаб менамояд. Намояндагони ин касб инсонҳоеанд, ки ҳамарӯза баҳри наҷоти ҷону амволи дигарон ҳаёту саломатии худро зери хатар гузошта, бо оташ ҳамвора дар набарданд. Новобаста ба Рӯзи идашон онҳо дар ҷойи кор ҳозир буда, тамоми шабонарӯзи дар хизмати мардум мебошанд. Аксаран ҳодисаҳои сухтор аз беаҳамиятии шаҳрвандон ва тарзи нодуруст истифода бурдани ҳар гуна таҷҳизоти барқӣ сар мезанад. Аз меъёр зиёд гармшавии ҳаво ва истифодаи барзиёди қувваи барқ тариқи таҷҳизотҳои сардкунанда дар хонаҳои истиқоматӣ ба сар задани ҳама гуна ҳодисаҳои нохуши сӯхтор оварда мерасонад.
Инчунин дар ҳамин фазои идона аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, роҳбари қисми мустақили 12-и ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Левакант, майори хизмати дохилӣ-Амирхонов Баҳриддин ва дигар фаъолони ин ниҳод барои хизматҳои софдилона ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Боиси зикр аст, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳамасола санаи 30-юми июл, дар саросари ватани азизамон Тоҷикистон, Рӯзи иди касбии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ таҷлил карда мешавад.