ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ ШӮРОИ ШАҲРИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

.

Имрӯз 26-уми июл, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷаласаи Шӯрои шаҳрии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси Шӯро-Муминзода Мастура Табарӣ оғоз бахшид. Дар ин Шӯро муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, прокурори шаҳр-Зоирзода Комилҷон, сардори ШВКД-и шаҳр-Абдулмаҷидзода Рустам, намояндаи шуъбаи КДАМ дар шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Котиби масъули Шӯро, сардори идораи нотариалии давлатии шаҳри Левакант-Юсуфӣ Муҳаммадсалим оид ба натиҷаҳои шиносоӣ бо вазъи иҷрои Нақша-чорабиниҳои Шӯро ва корҳои анҷомдодашуда дар шаш моҳи соли 2024 ҳисобот дод.
Сипас оиди корҳои тарғиботию ташвиқотии анҷомдодашуда ҷиҳати шарҳу тавзеҳи мазмуну муҳтавои Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, сабабҳои ба таҳсил фаро нагирифтани хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва инчунин корҳои тарғиботию ташвиқотӣ анҷомдодашуда дар самти фаҳмондадиҳии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии соли 2024 шахсони масъул баромад ва суханронӣ карданд.
Иҷрокунанвдаи вазифаи раиси шаҳр Муминзода Мастура зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва саводнокии ҳуқуқии насли наврас нақши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти дигари давлатӣ аз ҷумла ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, занону ҷавонон, муассисаҳои таълимӣ ва ходимони дин басо муҳим мебошад. Соли 2024, ки бахусус аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудааст, бояд ҳар як шаҳрванд алалхусус кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораву муассиса барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ корбари намоянд то аз овони хурди ва мактабӣ дар замири насли наврас ҳисси ватандӯстию хештаншиносиро бедор намоянду онҳо низ дар оянда аз ҷону дил баҳри ин меҳани биҳишосо хизмати софдилона карда саҳми худро дар ояндаи дурахшони миллату давлат гузоранд.
Инчунин Муминзода Мастура баҳри иҷрои камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушахас дода, таъкид намуд, ки дар кутоҳтарин фурсат камбудиҳо бартараф гарданд.