ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО НАМОЗГУЗОРОНИ ДЕҲАИ БОҲТУРОБОД Дар Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, ки яке аз ҳадафҳои он роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии
Дар Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, ки яке аз ҳадафҳои он роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан қонунҳои соҳаҳои алоҳида ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, шарҳу тавзеҳи навгониҳои Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” басо муҳим ва саривақтӣ маҳсуб ёфта, ба татбиқи ҳадафҳои эълонгардидаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мусоидат менамояд.
Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон ва пешгири аз қонуншиканӣ ва дигар омилҳои номатлуб, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Маҳмад Хидирзода, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло, сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии “Нури Сарбанд”-Ашуров Орзу бо намозгузорони масҷиди деҳаи Боҳтурободи ҷамоати деҳоти “Гулистон” ва фаъолони деҳа вохӯрӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ гузаронида шуд. Дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ тағйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ зарурати қабули қонунҳои нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, бо мақсади ба талаботи нави муносибатҳои ҷамъиятӣ мутобиқ гардонидани онҳо пеш омад. Шаҳодати яке аз ин ҳолатҳо дар таҳрири нав қабул гардидани Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 июни соли 2024 маҳсуб мешавад, ки риояи талаботҳои он барои ҳар шаҳрванди кишвар ҳатмӣ мебошад.
Инчунин гурӯҳи корӣ вобаста ба вазъи кунунии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳон, пешгири аз терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ, бегонапарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, таълиму тарбияи дурусти ҷавонон ва насли наврас, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар Ватан, пешгири аз коррупсия ва дигар омилҳои номатлуби ҷаҳони муосир, ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию созандагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани Истиқлолияти давлатӣ бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ фаҳмондадиҳӣ намуданд.