Тантанаи Истиқлолият дар шаҳри Левакант
Имрӯз 7-уми сентяб, дар шаҳри Левакант, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тантана кард.
Дар оғози баргузориии ин ҷашни бузурги миллӣ, 33-солагии Истиқлолият, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-раиси палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ-Чилазода Қарахон, намояндаи МИҲД-и вилояти Хатлон-Давлатов Маҳмадӣ ва дигар меҳмонон, аз намоиши идонаи молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Левакант дидан намуданд.
Сипас дар варзишгоҳи марказии шаҳр-чорабинии идона баргузор гардид. Нахуст иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ, тамоми меҳмонону сокинонро бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд. Ӯ зимни суханронии худ зикр кард, ки Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Инчунин намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Чилазода Қарахон ва намояндаи МИҲД-и вилояти Хатлон-Давлатов Маҳмадӣ, аз дастовардҳои Истиқлолият ибрози назар карда, тамоми сокинони шаҳри Левакант ва ҷумҳуриро ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ-барномаи рангини омодакардаи ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва суруду таронаҳои ситораҳои дурахшони эстрадаи тоҷик, пешкаши меҳмонону сокинон гардонида шуд.