ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ АШК ЮСУФӢ АЗ ҶОНИБИ СОБИҚАДОРОН
Собиқадори меҳнат, Ашурали Юсупов бо тахаллуси Ашк Юсуфӣ дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ бо ташаббуси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант аёдат шуда, ба ӯ аз ҷониби СНОБ “Вахш”-и шаҳри Левакант кумаки яквақтаинаи пули расонида шуд.
Боиси зикр аст, ки Ашк Юсуфӣ айни замон нафақахур буда, синни беш аз 80-сола дорад. Ӯ тамоми умри худро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намуда, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии %1 ва муддате дар осорхонаи бахши фарҳанги шаҳри Левакант фаъолияти меҳнатӣ намудааст.
Инчунин муалифи чандин китобу мақолаҳои илмӣ буда, ҳамчун мухбир бо рӯзномаву маҷалаҳои гуногун низ ҳамкорӣ намудааст.

